Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфт, Қазоқистон ба зарардидаҳо маҳсулоти ғизоӣ ва маишӣ кумак кардааст.
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Ноокети Қирғизистон 28 июн 9 кас ҷон бохтааст. Тавре маълум шуд, ҳамаи онҳо узви як хонавода будаанд. Ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ахиран эълом кард, ки 4 тани ҳалокшудаҳо шаҳрванди ин кишвар ҳастанд.
Кормандони наҷот 29 июн беш аз 1300 ҳазор сокини минтақаи селзадарро ба ҷойи бехавф кучондаанд.