Ба гуфтаи сардори зиндон Канат Тулаков, Жиланбоевро ба далоили амниятӣ ба утоқи интизомӣ бурдаанд. Фаъоли қазоқ то 20 июли имсол дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад.
Дар маъмурияти зиндон тасдиқ карданд, ки Жиланбоев гуруснанишинии худро идома медиҳад.
Қаблан Марат Жиланбоев дар як нома ба унвонии ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Артур Ластаев гуфта буд, ки дар зиндон таҳти фишор қарор дорад.
"Ба ҷони ман аз ҷониби кормандони маҳбаси рақами 4 хатар вуҷуд дорад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки фавран ба зиндон оед. Қаблан ман ба шумо навишта будам, ки ба кумаки ҳомиёни ҳуқуқ ниёз надорам, вале онро иҷборан навишта будам", - навишта буд Жиланбоев.
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.
Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели имсол номи Жиланбоевро ба рӯйхати "афроде, ки дар сармоягузории экстремизму терроризм даст доранд" шомил карданд.