Ссылки доступа

Қазоқистон дар арафаи саммити СҲШ дар чанд шаҳр низоми зиддитеррористӣ эълом кард


Мақомоти Қазоқистон эълом карданд, ки аз 2 то 5 июл дар шаҳрҳои Остона, Алмато, Қарағанда ва Кокшетауи ин кишвар низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълом карда шудааст.

Ба иттилои маркази зиддитеррористии Қазоқистон, ин тадбир дар робита ба баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай ва сафари давлатии президенти Чин ба Остона андешида шудааст.

Дар минтақаҳое, ки низоми зиддитеррористӣ эълом шудааст, равуои шаҳрвандон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд хоҳад шуд.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон ахиран хабар дод, ки раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин бо даъвати ҳамтои қазоқаш рӯзҳои 2-4 июл сафари давлатиеро ба ин кишвар анҷом медиҳад.

Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай рӯзҳои 3-4 июл дар Остона баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG