Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як мард бо гумони таҷовузи духтарчаи 4-сола дастгир шудааст


Пулиси шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон як марди 35-соларо бо гумони таҷовузи духтари чаҳорсола дастгир кардааст.

Дар ин бора ба пулис 24 июн шикоят шудааст. Бино ба фарзияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷалолобод, ҳодиса дар саҳни яке аз биноҳои баландошёна рух додааст.

Зидди гумонбар бо банди "Таҷовуз" парванда боз гашта, худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, соли гузашта нисбат ба ноболиғон 406 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки 160 парванда марбути таҷовуз ба номус аст.

XS
SM
MD
LG