Дар изҳороти созмон, ки 1 июл нашр шуд, гуфта мешавад, ягон мансабдори баландпояи Узбекистон барои истифодаи аз ҳад зиёди неру зидди эътирозгарони Нуқус ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
“Ҳукумати Узбекистон на танҳо ҳуқуқи қурбониёни эътирозҳои Нуқусро ба адолат таъмин накард, балки тавре мушоҳида мекунем, таъқиби фаъолони дигари қарақалпоқистониро пурзӯр мекунад”, - изҳор доштааст Ҳю Уилямсон, мудири бахши созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.
Ба гуфтаи ӯ, шарикони хориҷии Узбекистон бояд Тошкандро даъват кунанд, ки адолатро таъмин ва таъқиби фаъолони Қарақалпоқистонро дар дохилу хориҷ қатъ кунад.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.
Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.