Дар ин бора Антонио Гутерриш рӯзи 2 июл дар мулоқот бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни мулоқот дар шаҳри Чолпонота изҳори назар кардааст. ТАСС дар нақли қавл аз Гутерриш навишт: “Бовар дорам, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон аз роҳи дипломатӣ, сулҳомез ва музокира ҳаллу фасл мешавад”.
Ба ҳайси намунаи мусбати ҳалли мушкилоти марзӣ ӯ хатми аломатгузории марзи миёни Қирғизистон ва Узбекистонро мисол овард. Айни замон, ӯ эътироф кардааст, ки кашидани хатти сарҳади миёни кишварҳои воқеъ дар водии Фарғона мушкил аст, чунки сарҳади байни ин қаламравҳо “як пазл”-ро мемонад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди ду низои пурқурбонӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 талош доранд баҳсҳои марзиро бартараф намуда созишномаи марзи давлатиро имзо кунанд. То ҳол аз 980 км марзи муштарак беш аз 90 дарсадаш аломатгузорӣ шудааст ва қисмати боқимонда, зоҳиран, бо сабаби маҳалли сукунати танготанги мардуми ду тараф буданаш ҳанӯз пурра ҳалл нашудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон изҳороти ҳамкоронашонро дар Қирғизистон оид ба ҳал шудани ин баҳсҳо дар соли 2024 ҳеҷ гоҳ кушоду рӯшан шарҳ надодаанд. Ҷузъиёти музокираҳо, ба вижа масъалаҳои вобаста ба эҳтимоли роҳ додан ба гузашти қаламравҳо ба ҳамдигар аз матбуот ва ҷомеа пинҳон дошта мешавад.
Антонио Гутерриш бо як сафари корӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад ва баъди Тошканду Бишкек қарор аст ба дигар пойтахтҳои ҷумҳуриҳои ин минтақа, аз ҷумла Душанбе сафар кунад.