Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса нимашаби 2 июн рух додааст. Ду шахси ношинос бо мошин ба назди биное, ки ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад, рафта, даромадгоҳро бастаанд.
"Онҳо мехостанд, ки маро муҳосира кунанд. Ман бо онҳо ҳеч гуна даъвое накардам ва талош кардам, ки аз онҳо дур шавам", - изҳор доштааст ӯ. Алжанов тавонистааст аз назди ҳамлагарон фирор кунад.
Сиёсатшиноси қазоқ ба пулис расман шикоят кардааст.
Видеои дурбини назоратӣ, ки Алжанов субҳи 2 июн нашр кард, нишон медиҳад ду шахси ношинос ба саҳни бино ворид шуда, чанд лаҳза баъд аз онҷо фирор мекунанд.
Димаш Алжанов ҳодисаро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҷамъиятияш рабт медиҳад.