Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар додааст, ки ҳодиса ду моҳ пеш рух додааст ва қаллобони Нигерия тавассути почтаи электронӣ бо зан тамос гирифтаанд.
Онҳо гуфтаанд, раҳбари яке аз ширкатҳои бузург дар Африқо даргузаштааст ва эҳтимол зан хеши миллиардер бошад, ки 3 миллиард долларро ба мерос гузоштааст.
Қаллобон занро фиреб додаанд, ки барои интиқоли мерос ба Узбекистон ӯ бояд як миқдор маблағ фиристад. Онҳо ҳаминтариқ аз зан барои харҷҳои иловагӣ пул талаб кардаанд ва сокини Тошканд ба хотири ба даст овардани мероси набуда хонаашро фурӯхтааст.