Ссылки доступа

Русия як узбекистониро барои танқиди ҷанги Украина ҷарима кард


Додгоҳе дар шаҳри Маскави Русия як шаҳрванди Узбекистонро барои пӯшидани нимтана ё футболка бо рамзи Украина ва танқиди ҷанг ҷарима кардааст.

Расонаи "Осторожно, Москва" хабар дода, ки шаҳрванди Узбекистон Хурсандбек Аҳмадови 37-соларо 25 июн дар истгоҳи метрои "Киевская" дастгир кардаанд.

Аҳмадов ҳамчунн иқрор кардааст, ки ҷанги Русия зидди Украинаро танқид мекунад. Пулиси Маскав гуфтааст, шаҳрванди Узбекистон бо ин амалҳояш артиши Русияро "таҳқир кардааст".

Додгоҳ 27 июн Хурсандбек Аҳмадовро дар таҳқири артиши Русия гунаҳкор эълом ва 50 ҳазор рубл ҷарма кардааст.

Аҳмадов шаҳрвандии Русияро низ доштааст.

XS
SM
MD
LG