Ссылки доступа

Сели ахир ба Қирғизистон $2 миллион зарар расондааст


Мақомоти Қирғизистон ҳаҷми зарари расида аз селро дар рӯзҳои аз 20 апрел то 1 июли имсол беш аз 170 миллион сом арзёбӣ кардаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар бораи бартарафсозии оқибатҳои сел дар вилояти Ӯши он кишвар хабар дода шудааст.

Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Ажикеев дар ҷаласа гуфтааст, дар кишвараш дар ин давра 236 бор сел омадааст. Дар натиҷа чандин километр роҳ ва 9 пул хароб шудааст.

Сел дар ноҳияҳои Ноокат ва Қаракули Ӯш ҷони беш аз 14 касро рабудааст. Дар Ноокат 28 июн як зани 48-сола ҳамроҳи се писари 19, 16 ва 11-сола ва набераи дусолааш ҷон бохтааст. Ҳамчунин як духтари 15-сола в 2 кудаки дигар, ки аз Қазоқистон ба хонаи хешонашон ба Қирғизистон рафта буданд, ҷон додаанд.

Дар Қаракул 30 июн дар пайи омадани сел 4 узви як хонавода, падари 36-сола ва модари 34-сола ҳамроҳи ду фарзанди 4 - 12-солаашон ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG