Ҳомии ҳуқуқ Гулшайир Абдирасулова хабар дод, ки Жоомарт Қарабоевро баъди бозпурсӣ дар Кумитаи амнияти миллии қирғизистон озод накарданд ва масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ дар ҳоли баррасӣ аст.
"Вакилони дифоъ мегӯянд, барои гумонбар донистани Қарабоев ба иттиҳомҳои мазкур асосе вуҷуд надорад ва изҳори умед мекунанд, ки парванда қатъ хоҳад шуд", - афзудааст Абдирасулова.
Жоомарт Қарабоевро 2 июн барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бурда буданд.
Масъулони созмони ҳомии ҳуқуқи "Кылым Шамы" гуфтанд, эхтимол сабаби даъвати Қарабоев норозигии ахири ӯ ба кори академия ва худдории ӯ аз иштирок дар ташхиси як қатор парвандаҳо бошад.
Ба гуфтаи Абдирасулова, Қарабоев борҳо гуфтааст, ки Академияи миллии илмҳои Қирғизистон натиҷаи ташхиси парвандаҳои ҷиноиро бо хости хадамоти махсуси кишвар пешниҳод мекунад.
Худи Қарабоев қаблан гуфта буд, парвандаҳои ҷиноиро дар Қирғизистон шахсоне ташхис мекунанд, ки мутахассиси соҳа нестанд. Ӯ ҳамчунин мақомотро танқид мекард.