Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қирғизистон хост, фаъоли маданӣ дар зиндон бимонад


Додгоҳи олии Қирғизитсон 3 июл ҳукми 5 соли зиндони фаъоли маданӣ Зарина Торокуловаро бетағйир боқӣ гузошт.

Вакили дифои фаъоли маданӣ Акмат Алагушев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, гуноҳи зерҳимояаш на дар рафти тафтишот ва на дар додгоҳ исбот нашуда буд.

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 апрел ҳукми шартии Зарина Торокуловаро бекор ва ӯро ҳабс кард.

Зарина Торокулова яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон аст, ки бо танқидҳои худ аз амалкарди мақомоти он кишвар маъруф мебошад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 11 сентябри соли гузашта аз боздошти Торокулова хабар дода, гуфта буд, ки ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайваста матлабҳои иғвоангезро ба нашр расонда, қисми 2-и банди 278 (Бетартибиҳои оммавӣ)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистонро нақз кардааст.

XS
SM
MD
LG