Ссылки доступа

Белорус расман узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шуд


Имрӯз, 4 июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Ҷаласаи 24-уми Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ таҳти раҳбарии Қазоқистон баргузор мегардад.

Яке аз рӯйдодҳои асосии ин ҷаласа он аст, ки Белорус узви комилҳуқуқи СҲШ гардид мебошад.

Белорус соли 2015 дар саммити СҲШ дар шаҳри Уфаи Русия ҳамчун узви нозири ин созмон муаррифӣ шуда буд.

Барои ширкат дар ин ҷаласа раҳбарони даҳ кишвари узв, аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон, Владимир Путин аз Русия, Син Ҷинпин аз Чин ва дигар раҳбарон сафар кардаанд.

Ҳамчунин презденти Туркия Раҷаб Эрдуғон, иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Эрон Муҳаммад Мухбир ва сарвазири Покистон Навоз Шариф ҳам дар ҷаласа иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG