Шикояти вакилони дифои гумонбарон аз болои қарори ҳабси пешакии зерҳимояашон баррасӣ нашудааст.
Вакилони дифоъ хоста буданд, ки қарори ҳабси пешакии раҳбари тарҳи "Темиров LIVE" Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, рӯзноманигор Азамат Ишенбеков, корманди "Алға Медиа" Оқтилек Капаров ва хабарнигори "Темиров LIVE" Айка Бейшекеева бекор шавад. Аз миёни 11 гумонбар танҳо ин афрод дар ҳабси пешакиянд. Боқӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудаанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешин ва кунунии "Temirov LIVE"-ро ба ҳабс гирифта буд.
Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.