Ссылки доступа

Дар Узбекистон волидони домоду арӯси ноболиғ ҷарима шуданд


Волидони ҷуфти ноболиғе, ки ахиран дар Узбекистон тӯйи арусӣ баргузор карда буданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Қаблан расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки як ҷавони 16-сола аз ноҳияи Шофиркони Узбекистон бо духтари 17-сола аз ноҳияи Қоракӯл дар тарабхонаи "Фатҳобод" тӯйи арусӣ баргузор кардаанд.

Пулиси Қоракул қазияро бар асоси банди маъмурии "Нақзи қонунгузорӣ дар бораи ақди никоҳ ё тартиби бастани ақди никоҳ" тафтиш кардааст.

Волидони домоду аруси ноболиғ 2,38 миллион сӯм ҷарима шудаанд. Ноболиғон никоҳи мусулмонӣ ва расмӣ набастаанд. Танҳо ҷашни арӯсӣ барпо кардаанд.

Қонунгузории Узбекистон синни издивоҷро барои мардон ва бонувон аз 18 боло муайян кардааст.

XS
SM
MD
LG