Ҳамсари рӯзноманигор Наталя Содиқова дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишта, ки шавҳарашро дар қабристони мусулмонони Киев дафн мекунанд.
Шахси ношинос 18 июн дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Айдос ва Наталя Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод. Содиқов баъди 14 рӯз дар бемористон даргузашт.
Додситонии кулли Украина 20 июн гуфт, зидди ду қазоқистонӣ Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст.
Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки Жаканбоев 21 июн ба шуъбаи пулис рафта, худро таслим кардааст. Маҳалли будубоши гумонбари дувум номаълум аст.
Наталя Содиқова дар куштори шавҳараш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро гунаҳкор кард.
Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.