Ситоди фаврии ҷумҳуриявии мубориза бо терроризми Қазоқистон хабар додааст, ки низоми мазкурро ба далели ба поён расидани саммити раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) бекор карданд.
Сатҳи "зард"-и хатари террористӣ дар чаҳор шаҳр Қазоқистон аз 2 то 5 июл ҷорӣ шуда буд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин тадбир дар робита ба баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафари давлатии президенти Чин ба Остона андешида шудааст.
Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони СҲШ рӯзҳои 3-4 июл дар Остона баргузор шуд.