Вазорати адлияи Узбекистон иттилоъ дода, ки барои ташкил ва баргузор кардани маросими ҳаҷҷи умра иҷозатномаи алоҳида дода мешавад.
Онҳое, ки бидуни ин иҷозатнома маросими ҳаҷҷи умраро ташкил мекунанд, 68 миллион сӯм ($5400) ҷарима хоҳанд шуд.
Иҷозатномаи мазкурро Кумитаи дини Узбекистон медиҳад ва боҷи давлатии он 3,4 миллион сӯм ($270) аст.
Қонуни навро порлумони Узбекистон охирҳои моҳи марти имсол қабул карда буд ва он се моҳ баъд аз нашраш дар расонаҳои расмӣ, аз моҳи октябри соли равон ба иҷро медарояд.