Ссылки доступа

Молики маҷмааи варзишиии "Fly Jump"-и Қирғизистон дастгир шудааст

Handcuffs hanging on bars
Handcuffs hanging on bars

Пулиси вилояти Чӯйи Қирғизистон молики маҷмааи варзишиии "Fly Jump"-ро дар минтақаи Чункурчаки ин кишвар дастгир кардааст.

Молики маҷмааи варзишиии "Fly Jump"-ро барои он боздошт карданд, ки 6 июл як мард баъди ҷаҳидан аз баландии 25-метрӣ бо ресмон сарозер шуда, ҷон бохт.

Н.А.-и 28-сола ба боздоштгоҳи муваққатии пулис интиқол ёфта, алайҳаш бо банди "Эҷоди хатар барои истеъмолкунандагон" парванда боз шудааст.

Пулис мегӯяд, Н.А. дар асоси баёноти наздикони ҳалокшуда дастгир гаштааст. Ҳамчунин дар робита ба ин ҳодиса ташхис ҳам таъйин шудааст.

Расонаҳо аз марди ҳалокшуда Б.А.-и 39-сола ном бурдаанд. Ҳангоми ҷаҳидани ӯ ресмон канда шудааст.

XS
SM
MD
LG