Ссылки доступа

Президенти нави Эрон моҳи август савганд ёд мекунад


Масъуд Пизишкиён, вакили мардумии ислоҳталаб, ки рӯзи 5-уми июл дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон баранда эълом шуд, ибтидои моҳи оянда савганд ёд мекунад.

Дар ин бора Муҷтабо Юсуфӣ, узви раёсати порлумони Эрон ба расонаҳои давлатӣ хабар дод.

Вазири собиқи тандурустӣ, намояндаи вилояти умдатан озаринишини Озарбойҷони Ғарбӣ 16 сол боз вакили ин вилоят дар порлумони Эрон буд. Дар интихоботи рӯзи 28-уми июн ӯ назар ба чаҳор номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бештар аз ҳама яъне 42.5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар даври дуввум 53.6 дар сад ба тарафдории ӯ раъй додаанд.

Бо вуҷуди ҳузури 20-сола дар саҳнаи сиёсат, Пизишкиён ба ягон ҷанҷолҳои сиёсӣ олуда набудааст ва боре ба ҳам ришвахорӣ ва ё фасод муттаҳам нашудааст. Ӯ дар шаҳри асосан курднишини Маҳобод дар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ ба дунё омадааст ва забонҳои курдиву озариро хуб медонад ва равон гап мезанад.

Масъуд Пизишкиён, ки ихтисосаш табиб аст, дар ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 1980-1988 ба ҷабҳаи аввали ҷанг рафта, ба ҳайси табиб хидмат кардааст. Баъди ҷанг ба ҷарроҳии дил машғул буд. Ӯ дар муассисаҳои илмӣ низ кор кардааст ва аз соли 1994 то соли 1999 мудири Донишгоҳи улуми тиббии Табрез буд.

Масъуд Пизишкиён соли 2023 амалкарди мақомоти Эронро, ки занонро бо баҳонаи ҳиҷоби номуносиб озору азияти зиёд доданд, танқид карда гуфт, ки онҳо бо ин корашон сабаби нафрати мардум ба дин мешаванд.

Дахолати Хоманаӣ дар аввали ҳамин сол сабаб шуд, ки Пизишкиёнро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март маҳрум накунанд. Ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аққалиятҳо дар Эрон садо баланд кардааст, вале мунтақидонаш гуфтаанд, ки Пизишкиён эҳсосоти миллатгароиро дар байни озариҳо доман мезанад. Иддаое, ки ӯ рад кардааст.

XS
SM
MD
LG