Муфаттишони кумита гуфтаанд, Н.Ж.К корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук буда, матлабҳоеро дар он нашр кардааст, ки гӯиё дар онҳо даъват ба бетартибӣ ва ғасби қудрат дар Қирғизистон шудааст.
Қаблан кумита дар бораи боздошти 5 шаҳрванди Қирғизистон бо гуноҳи ҳамсон хабар дода буд.
Аз маҳалли зисти боздоштшудаҳо маводи тарканда, силоҳ, дастгоҳҳои иртиботӣ, дрон ё бесарнишин, лавозимоти ҷангӣ ва адабиёти ифротӣ мусодира шудааст.