Ссылки доступа

Низомии пешини қазоқ барои куштори кудак 7 сол зиндонӣ шуд


Aikorkem Medelhan
Aikorkem Medelhan

Низомии собиқи қазоқистонӣ Арман Ҷуман дар баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ бо истифода аз силоҳ дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 гунаҳкор эълом ва 7 сол зиндонӣ шудааст.

Ҳукмро додгоҳи низомии Қазоқистон содир карда, парванда бо баҳонаи он ки "сирри давлатӣ дорад", пушти дарҳои баста баррасӣ шудааст.

"Арман Ҷуман 7 январи соли 2022 дар постгоҳи пулис қарор дошт ва ба низомии зертобеаш дастур додааст, то ба самти мошине, ки наздик мешавад, оташ кушояд. Дар натиҷа мусофири 5-солаи мошин ҷароҳат бардошта, ҷон бохтааст", - гуфтанд дар додгоҳ.

Қаблан Додгоҳи олии Қазоқистон ҳукми 7 соли зиндони Арман Ҷуманро, ки дар куштори ноболиғ Айкоркем Мелдехон гунаҳкор эълом шуда буд, бекор кард.

Ҳукм дар пайи шикояти ҷониби маҳкумшуда бекор ва парванда барои баррасии дубора бозпас фиристода шуд.

Айкоркем Мелдехон ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 кушта шуд. Вай аз тири силоҳ дар дохили мошине кушта шуд, ки ҳамроҳи бародарону хоҳараш қарор дошт.

Айдос Мелдехон, падари Айкоркем он замон ҳамроҳ бо хонаводааш ба мағоза рафта буд.

XS
SM
MD
LG