Ба гуфтаи Ҷунушалиев, ба ҷои тролейбусҳо автобусҳо ба интиқоли мусофирон машғул хоҳанд шуд.
"Мо ҳамаи талошро мекунем, то сокинони шаҳр роҳат бошанд. Масирҳои тролейбусҳо ва лавҳаҳои эълонҳо бардошта мешавад. Хатҳои барқ тариқи зери замин кашида мешаванд. Мо мушоҳида кардем, ки теъдоди истифодабарандагони тролейбусҳо кам шудааст ва бинобар ин, тасмими мазкурро гирифтем", - изҳор доштааст ӯ.
Шаҳрдории Бишкек ҳанӯз дар ибтидои моҳи июни имсол хабар дода буд, ки тролейбусҳо аз пойтахти Қирғизистон бароварда мешаванд. Мақомот тасмим доранд, ки 100 тролейбусро ба шаҳри Ӯш диҳанд.
Дар пойтахти Қирғизистон ба ҷойи тролейбусҳо, 120 электробус ба интиқоли мусофирон машғул мешаванд.