Бонки миллии Узбекистон хабар дода, ки захираи тилои ин кишвар 1 июни имсол $36,63 миллиардро ташкил медод.
Қаблан Шӯрои ҷаҳонии тилло хабар дода буд, ки Узбекистон дар моҳҳои апрел ва майи имсол якбора содироти тилоро кам кардааст.
Ба ҳисоби шӯро, Тошканди расмӣ дар ин ду моҳ назар ба моҳҳои феврал ва марти имсол 23 баробар камтар тило фурӯхтааст.
Узбекистон дар семоҳаи аввали имсол 23 тонна тило ба кишварҳои хориҷ содир кардааст.