"Хабарҳо дар бораи он ки гӯиё дар маҳбас ба Марат Жиланбоев фишор меоранд, ҳақиқат надорад", - навиштаанд масъулони хадамот дар посух ба номаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Вакили дифои фаъоли зиндонӣ Мейржан Доскараев гуфт, 17 июни имсол дар маҳбаси № 4 бо Жиланбоев мулоқот кард ва шахси зери ҳимояаш шикоят карда, ки бо вуҷуди иваз шудани раҳбарияти зиндон таҳти фишор қарор дорад.
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.
Додгоҳи Остона рӯзи 19 январи имсол ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт ва Додгоҳи олии Қазоқистон 5 июн шикояти ӯро баррасӣ накард.
Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели имсол номи Жиланбоевро ба рӯйхати "афроде, ки дар сармоягузории экстремизму терроризм даст доранд" шомил карданд.