Ссылки доступа

Ҷаримаҳо бештар ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия осонтар мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҷаримаҳо бештар ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия осонтар мешавад. (видео)

- Қадам Исматов: "Бар пояи туҳмат аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаам!". Байни обу ҳаво ва бе шиносномаву шаҳрвандӣ. Зодаи Тоҷикистон Қадам Исматов, ки соли гузашта баъди будубоши 30-сола аз Русия ихроҷ шуда, дар Тоҷикистон ним сол бо иттиҳоми ифротгароӣ дар боздошт буд, аз якбора беҳуҳуқ шуданаш дар хоки ин ду кишвар ҳайрону сарсон мондааст. (видео)

- “Чеҳраат маъқул нашуд”. Муҳоҷирон аз шеваи ихроҷашон гуфтанд. (видео)

- Мардуми Кангурт аз дасти беобӣ ба дод омадаанд.Тоҷикистон як сарчашмаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале мардумаш аз нарасидани оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд. Ҳукумат чанд сол боз эълон мекунад, ки барои дастрасии сокинон ба об талош дорад, вале ин мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст. (видео)

- Дар Суғд баҳси 5 кило тило бо “Имон” поён наёфтааст. Як хонавода дар Суғд бо бонки "Имон" бар сари панҷ килло тилло баҳс доранд. Ин хонавода иддао дорад, ки чанд сол пеш 5 кило тиллоро дар бонк ба гарав гузоштанд, вале бонк дигар онро пас надод. Баҳси тилло як узви хонавода ва як корманди бонкро ба зиндон бурд, вале мушкил ҳал нашуд. (видео)

- Ҳазорон кӯдаки тоҷик ғизои кофӣ намехӯрдаанд. Дар Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки аз се кӯдак як нафараш аз норасоии ғизо ранҷ мекашад. Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, эҳтимол теъдоди кӯдакони гурусна дар Тоҷикистон зиёд шавад. (видео)

- Тарбуз дар Тоҷикистон имсол арзонӣ шудааст. Дар Тоҷикистон баръакси соли гузашта, қимати тарбуз, яке аз полезиҳои серхаридор ба ҳадде поин омадааст, ки кишоварзон ба қавле аз кишти кардаашон пушаймон шудаанд. Агарчӣ харидорон хурсанд ҳастанд, вале кишоварзон дар ин миён зиёни иқтисодӣ мебинанд. (видео)

- Дар Кӯлоб истгоҳҳои нави автобус месозанд. Равуо хуб мешавад? Дар шаҳри Кӯлоб, ки мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар он зиёд аст, ба бунёди истгоҳҳои нави автобус шуруъ кардаанд. Дар ин шаҳр, ки бештар аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, то чанд вақти пеш истгоҳи автобус аҳёнан ба назар мерасид, чун бисёре аз онҳоро вайрон карда буданд. (видео)

- 100 ҳазор ҷавони тоҷик донишҷӯ шудан мехоҳанд. Имсол беш аз сад ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон барои донишҷӯ шудан худро дар Маркази миллии тестӣ сабти ном кардаанд. Теъдоди довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо имсол бештар шудааст. Чаро? (видео)

- Русия имсол ним миллион муҳоҷирро рондааст. Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти “Нелегал 2024” ҷараён дорад, ки ҳадафаш пайдо ва ихроҷи муҳоҷиронест, ки ба иддаои мақомоти рус, ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти рус гуфтаанд, ки дар шаш моҳи ахир беш аз ним миллион муҳоҷирро аз ин кишвар рондаанд. (видео)

- Занонро ба музокирот бо Толибон роҳ надоданд. Музокироти Созмони Милал бо Толибон дар Қатар бе ҳузури занон ва танҳо бо ҳузури мардон, ки намояндаи ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон буданд, баргузор шуд ва баҳси зиёде ба по кард. (видео)

- Модари Дилшод Саидмуродов паси панҷара рафт. Додгоҳи олии Тоҷикистон Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ”-ро ба 13 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро аз ҷумла ба монеъ шудан ба тафтиши парвандаи қатли бераҳмонаи муовини раиси Ориёнбонк гунаҳкор донистаанд. (видео)

- Фоҷиа дар Офтоблиқо ва марги 7 нафар. Дар садамаи марговаре дар Кӯлоб 11 нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Нозирони роҳ гуфтаанд, ки садама бо гуноҳи ронандаи 27-сола рух додааст, ки бо суръати баланд ҳаракат кардааст. Ӯ ва се мусофири дигар сахт маҷрӯҳ шуда, зинда мондаанд, вале ҳафт мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 1-уми июли соли 2024. Конунгузорони Русия мехоҳанд, "манъи вуруд" ва "ихроҷи муҳоҷирон"-ро осонтар кунанд, Додситонии кулли Тоҷикистон бозбинии кушторҳои серсару садо дар Конибодомро талаб кардааст, сайре ба хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Узбекистон ва матолиби дигар. (видео)

- "Барои гӯшт пул надорам." Дар Тоҷикистон маошу нафақа ба чӣ мерасад? Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми июл музди кори кормандони идораҳои давлатӣ 40 % зиёд мешавад. Aз ин моҳ бояд ҳаққи нафақа ва ё бознишастагӣ ҳам 30 дар сад бештар бошад ва пиронсолону онҳое, ки солҳои дароз кор кардаанд, бояд пули бештар бигиранд. Оё ин пул барои зиндагии мардуми бознишаста кофист. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 28-уми июни соли 2024. Нигаронии ИМА аз вазъи ногувори озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, мубоиҳисаи довталабони курсии Президенти ИМА, модари сарбози тоҷик ба фарзияи расмии марги писараш бовар надорад ва арқси марди нимаурён вакилони мардумии қазоқро ба ғазаб овард. (видео)

- Рақси марди нимаурён дар юрта вакилони мардумии Қазоқистонро ба ғазаб овард. (видео)

- Ташвиши Амрико аз вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон. (видео)

- "Сарбоз дар пеши чашматон мемирад, намебинед?" Модари як сарбози фавтидаи Вазорати мудофиа аз натиҷаҳои ташхиси сабаби марги ӯ норозист. Солеҳҷон Солиев аз маҳаллаи Ҳаёти нави Душанбе моҳи май ҳангоми адои хидмат фавтид. Сабаби марги ӯро бемории қалб гуфтанд. Модаораш мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ чунин беморӣ надошт ва дар ҷасадаш ҳам пайи захм буд. (видео)

- "Дар Тоҷикистон ҷанг нест, аммо мухолифатҳо мондааст". Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн (ИНОТ) 27 сол гузашт. Мухолифон мегӯянд, ҳукумат Созишномаро вайрон кард. Назари мақомот баръакси ин аст ва онҳо поёни ҷанг ва рушди кишварро самараи Созишномаи сулҳ медонанд. (видео)

- САҲА ҳамкориро бо Душанбе дар чӣ бахш бештар мекунад? Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ба созиш расидаанд, ки ҳамкориро дар бахши амнияту мубориза бо терроризм бештар мекунанд. Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯянд, ин созмони байнулмилалӣ набояд таваҷҷуҳро ба кори ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ва озодии матбуоту эътиқод кам кунад. (видео)

- Мушкили мусофирони тоҷик дар сарҳади Русия. Чанд шаҳрванди Тоҷикистон бо фиристодани видео шикоят карданд, ки панҷ рӯз боз дар гузаргоҳи “Озинки”, дар марзи Қазоқистон бо Русия, дармондаанд. Онҳо мехоҳанд ба Русия гузаранд, аммо ба гуфтаашон “бо вуҷуди дуруст будани ҳуҷҷатҳо марзбонони рус шиноснома ва телефонҳояшонро соатҳо тафтиш мекунанд”. (видео)

- Вазъ дар Сахарово: “Муҳоҷиронро азият медиҳанд”. Дар боздоштгоҳи “Сахарово”-и канори Маскав муҳоҷиронро азият медиҳанд ва ба занҳои обистан ҳам раҳме надоранд. Шаҳрванди Қирғизистон Бахтигул Молдобоева, ки дар бораи шароити бади ин муассисаи давлатӣ навор нашр мекард, дар суҳбаташ бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ вазъро дар “Сахарово” танқид кард. (видео)

- Шикояти ронандагон аз роҳҳои вайронаи Хатлон. Бисёре аз ронандаҳо дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳар сол 700-800 сомониро барои андоз аз истифодаи роҳ месупоранд, вале аксари роҳҳо вайрону таъмирталаб ҳастанд. Қитъаи роҳҳое ҳаст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аслан рӯи таъмирро надидаанд. Чаро? (видео)

- Боздоштҳои намоишкоронаи фолбинҳову муллоҳо хилофи қонун будааст. (видео)

- Ғарқшавии се духтар дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Дар ҷануби Тоҷикистон се духтари як хонавода - холабачаҳо дар як кӯли маҳаллӣ ғарқ шуда ҷон додаанд. Ин хоҳарон қурбонии навбатии шиновариҳои беназорат гардида, феҳристи бе ин ҳам фоҷеабори маргумир дар обҳои Тоҷикистонро зиёд карданд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG