Ссылки доступа

Номзади ҷияни президенти Қирғизистон ҳабс шуд


Лаззат Нургожоева
Лаззат Нургожоева

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек номзади Лаззат Нуркожоева, ҷияни президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро то 3 августи имсол ба ҳабс гирифтааст.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми ҳабси Афтандил Сабирбеков 6 июл содир шуда, ӯ ба "Истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ дар ҳаҷми махсусан калон барои фурӯш" муттаҳам мешавад.

Қонунгузории Қирғизистон ба ин навъи ҷиноят аз 12 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Афтандил Собирбековро 5 июл дастгир кардаанд, вале ин хабар 10 июл расонаӣ шуд. Сухангӯи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар шарҳи боздошти Собирбеков гуфт, "ҳадафи асосии ин шахс пайдо кардани пуштибон дар мақомот буд, то аз амалҳои ғайриқонунияш ҳимоят кунанд".

Номи ҷияни президенти Қиррғизистон баъди он сархати расонаҳо қарор гирифт, ки видеои ҷашни бошукуҳи номзадии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овард. Дар навор дида мешуд, ҷуфти ҷавон барои баргузор кардани ҷашни номзадии худ дар куҳе дар наздикии шаҳри Бишкек як чархболи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистонро киро кардаанд.

Президенти Қирғизистон барои ин амали ҷияни худ аз ҷомеаи кишвараш узр пурсид. Вале гуфт, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҳақ дорад, ки чархболҳои худро барои анҷоми парвозҳои тиҷорӣ ба иҷора диҳад.

XS
SM
MD
LG