Ссылки доступа

Дар як шаҳри Қазоқистон сокинон аз беобӣ эътироз мекунанд


Сокинони яке аз маҳаллаҳои шаҳри Актау, маркази маъмурии вилояти Манғистауи Қазоқистон 9 июл дар эътироз ба набудани об дар баландошёнаҳо кушиш карданд, ки роҳеро банданд.

Расонаи маҳалии "Лада" иттилоъ дод, ки сокинони маҳаллаи 19-уми шаҳр эътироз мекунанд.

Дар хадамоти матбуотии шаҳр ба расона гуфтанд, ки шахсони масъулро ба маҳалли мазкур мефиристанд.

Ба иттилои "Лада", сокинони маҳалли 19-ум моҳи июн низ дар эътироз ба набудани об дар хонаҳояшон роҳи мошингардро баста буданд. Мақомот он замон бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Яке аз сокинони норозӣ ба намояндагони мақомот, ки ба маҳалли ҳодиса рафта буданд, гуфтааст, "5 рӯз мешавад, об надорем".

Муовини корхонаи "Каспий жылу, су арнасы" Ислом Усенов субҳи 10 июл бо нашри иттилоия гуфтааст, ки ба хотири пур кардани як обанбор фишори об дар қубурҳо поин рафта ва дар натиҷа дар баъзе аз баландошёнаҳо сокинон беоб мондаанд.

Шаҳрдории Актау дертар хабар дод, ки ба далели ба эътидол овардани фишори об дар қубурҳо фаъолияти нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо қатъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG