Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон ду рӯзноманигорро боздошт кардааст


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, ки ду рӯзноманигорро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир кардааст.

Ба иттилои кумита, рӯзноманигорон барои тамаъҷӯӣ нақшаи устувореро таҳия карда буданд.

"Намояндагони воситаҳои ахбори ом дар рейди нозирони роҳ иштирок карда, қоидавайронкуниҳоро сабт мекардаанд. Сипас рӯзноманигорон ронандагонро бо маводе, ки дар ҷараёни рейд сабт шудааст, таҳдид ва пул талаб мекардаанд", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Онҳо барои "ҷомаи қонунӣ" пӯшонидан ба амали худ ронандагонро маҷбур мекардаанд, то забонхат диҳанд, ки қарздор мебошанд ва мошини онҳоро ба гарав мегирифтаанд.

Маъмурони амниятии Қирғизистон 9 июл ду рӯзноманигорро ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG