Ссылки доступа

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуни нави ВАО пешниҳод шуд


Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон лоиҳаи нави қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-и ин кишварро ба баррасии умум пешниҳод кардааст.

Дар баррасии тарҳи қонун рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳам иштирок мекунанд.

Яке аз тағйироти калидӣ бекор кардани меъёри қайди ҳатмии давлатии нашрияҳо ва расонаҳо мебошад. Тибқи ин санад, сабти нашрияҳо ихтиёрӣ боқӣ мемонад. Дар лоиҳаи қонуни нав ба расонаҳо ҳақ дода мешавад, ки манбаи худро махфӣ нигаҳ доранд.

Бар асоси қонуни амалкунанда, расонаҳо дар вазоратҳои адлия ва рушди рақамии Қирғизистон бояд ба қайд гирифта шаванд. Дар лоиҳаи қонуни нав пешниҳод шудааст, ки расонаҳо танҳо дар Вазорати адлия сабтином шаванд.

Ҳамчунин меъёр дар бораи он ки саҳми хориҷиҳо дар ВАО набояд беш аз 50 дарсад бошад, танҳо ба телевизионҳо дахл хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG