Ссылки доступа

Аз Остона хостанд, пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароиро рад кунад


Созмони байналмилалии "Human Rights Watch" аз мақомоти қазоқ даъват кардааст, ки пешниҳоди "Мо зидди таблиғи ошкоро ва пинҳонии ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон"-ро баррасӣ накунанд.

Масъулони созмон пешниҳодро як навъ "табъиз" ва "таҳдид ба озодиҳои бунёдӣ" номидаанд.

"Агар ин пешниҳоди "таблиғотӣ" қабул шавад, ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон дар робита ба табъиз, озодии баён, иттилоот, иттиҳодияҳо ва ҷамъомадҳо поймол хоҳад шуд", - омадааст дар изҳороти созмон.

Қаблан Вазорати иттилоот ва фарҳанги Қазоқистон гуфта буд, ки пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар ин кишвар теъдоди лозимии имзоҳоро барои расман баррасӣ шудани он ба даст овардааст.

Муаллифи пешниҳод Багила Балтабаева, намояндаи созмони ҷамъиятии "Иттиҳоди волидони Қазоқистон" даъват дорад, ки кудакону наврасон аз таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" ҳифз карда шаванд.

Вакилони порлумони Қазоқистон имсол пешниҳод карда буданд, ки ҷазо барои таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" сахттар карда шавад. Коршиносон ин пешниҳодро ҳамчун кушиши нусхабардории қонунҳои Русия номиданд.

XS
SM
MD
LG