Ссылки доступа

Киштии муҳоҷирони қазоқ дар соҳилҳои Колумбия ғарқ шудааст


Киштии ҳомили 20 муҳоҷир, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳастанд, дар баҳри Кариб, дар наздикии соҳилҳои Колумбия ғарқ шудааст.

"Садои Амрико" бо истинод ба хабаргузории "AFP" иттилоъ дода, ки дар натиҷаи ғарқ шудани киштӣ 1 кас ҷон бохта, 4 тани дигар бедарак шудааст. 15 муҳоҷирро наҷот додаанд.

Ба иттилои расона, шаш тани наҷотёфтаҳо ноболиғанд. Дар миёнашон ду қазоқистонӣ ва се шаҳрванди Венесуэла низ ҳаст. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани як ноболиғи дигар чизе гуфта нашудааст.

Низомиёни Колумбия гуфтаанд, ки наҷотёфтаҳои калонсол шаҳрвандони Қазоқистон, Эквадора, Эрон, Никарагуа ва Венесуэла мебошанд.

Ба гуфтаи низомиён, ҷустуҷӯи муҳоҷирони бедаракшуда идома дорад.

XS
SM
MD
LG