Зани гумонбар Н.А. бар асоси бандҳои “қочоқи инсон” ва “ҷалби ноболиғ ба амалҳои ғайриҷамъиятӣ” гунаҳкор эълом ва 7,5 сол зиндонӣ шудааст.
Додрас гумонбарони боқӣ А. Ф. ва Ш. У.-ро низ бар асоси бандҳои мазкур ва “Таҷовуз ба номуси ноболиғ” 9-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Қаблан Ваколатдори ҳуқуқи кудак дар Узбекистон Сураё Раҳмонова хабар дода буд, ки алайҳи сокини ноҳияи Қаршии Қашқадарё барои истисмори шаҳвонии ноболиғ тафтишот шуруъ гаштааст.
Ҷабрдида, сокини ноҳияи Пасдарғоми вилояти Самарқанд гуфтааст, ӯ дар пайи як нофаҳмӣ бо волидонаш хонаашонро тарк карда ва шиносаш ӯро бо худ ба ноҳияи Қаршӣ бурдааст.
Ба гуфтаи духтар, зани соҳибхона вайро ба фоҳишагӣ маҷбур кардааст. Духтар пас аз як муддат тавонистааст, аз хонаи зан фирор кунад.