Ссылки доступа

Дар Қазоқистон раҳбари бахши "Семей Орманӣ" ба дуздии чӯб муттаҳам мешавад


Мақомоти қудратии Қазоқистон мегӯянд, дар вилояти Абайи ин кишвар фаъолияти гуруҳи ҷиноиеро ошкор карданд, ки ба дуздии чӯб машғул буд.

"Дар натиҷаи амалиёти муштараки мақомоти додситонӣ, корҳои дохилӣ ва амнияти Қазоқистон 9 июл дар вилояти Абай фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ ба раҳбарии сардори бахши корхонаи хоҷагии ҷангали "Семей Орманӣ" ошкор карда шудааст", - навиштааст хабаргузории маҳаллии Polisia.kz.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи амалиёт беш аз 20 кас боздошт шудааст. "Сардори бахши "Семей Орманӣ" ва шариконаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд", - афзудааст хабаргузорӣ.

Дар Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз шарҳи ҷузъиёти қазия худдорӣ карданд.

Дар мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-и вилояти Абайи Қазоқистон тобистони соли гузашта сӯхтор сар зада буд. Масоҳати сӯхтор беш аз 350 ҳектар гуфта мешуд.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 1 июли 2023 хабар дод, ки дар сӯхтори ҷангал дар вилояти Абай раҳбарони мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ" айбдоранд.

XS
SM
MD
LG