Зоҳиран Алтай Жаканбоев ин ҳуҷҷатро ба соҳиби хонае нишон додааст, ки дар шаҳри Киеви Украина қабл аз ҳамла ба иҷора гирифта буданд. Дар ин бора ҳамсари мухолифи кушташудаи қазоқ Наталя Содиқова баъди суҳбат бо соҳибхона хабар додааст.
Нашрияи "Республика" иттилоъ дода, ки эҳтимол Жаканбоев дар Украина бо ному насаби дигар ҳузур дошт.
Нашрия ҳамчунин навиштааст, хонае, ки Жаканбоев дар шаҳри Киев дар он зиндагӣ мекард, пешакӣ ба номи Азиз Ахметов (Aziz Akhmetov) ба иҷора гирифта шудааст.
Шахси ношинос 18 июн дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Айдос ва Наталя Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод. Содиқов баъди 14 рӯз дар бемористон даргузашт.
Додситонии кулли Украина 20 июн гуфт, зидди ду қазоқистонӣ Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст.
Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки Жаканбоев 21 июн ба шуъбаи пулис рафта, худро таслим кардааст. Маҳалли будубоши гумонбари дувум номаълум аст.
Наталя Содиқова дар куштори шавҳараш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро гунаҳкор кард.
Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.