Ссылки доступа

Ҷойивазкунии ду мансабдор дар Қирғизистон


Абсаттор Сиргабоев
Абсаттор Сиргабоев

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 11 июл дар пайи як тағйироти кадрӣ вазири нақлиёти ин кишвар Тилек Текебоев ва намояндаи худ дар вилояти Ҷалолобод Абсаттор Сиргабоевро ба ҷои якдигар таъйин кардааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Ҷабборов, Тилек Текебоев, ки то ин дам вазири нақлиёти Қирғизистон буд, намояндаи президент дар вилояти Ҷалолобод таъйин шудааст. Номзадии намояндаи ҳамакнун пешини президенти Қирғизистон дар Ҷалолобод Абсаттор Сиргабоев ба мақоми вазирии нақлиёти ин кишвар ба порлумон пешниҳод шудааст.

Тилек Текебоев моҳи октябри соли 2022 вазири нақлиёти Қирғизистон таъйин шуда буд.

Абсаттор Сиргабоев аз моҳи октябри соли 2020 намояндаи президент дар Ҷалолобод буд. Қаблан дар пулиси молии Қирғизистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG