Ссылки доступа

Дар Узбекистон як узви собиқи "Вагнер"-ро суд карданд


Додгоҳи шаҳри Оҳангарони Узбекистон шаҳрванди ин кишвар Шавкат Юлдошевро, ки дар ҳайати гуруҳи "Вагнер" дар Украина ҷангидааст, бо ҷурми зархаридӣ ба муҳлати 2,5 сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ дода, ки Юлдошеви 26-сола охирҳои соли 2019 барои кор ба Русия рафта, моҳи сентябри соли 2021 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ширкати хусусии низомии "Вагнер" як сол баъд ӯро ба ҷанги Украина бурдааст. Додгоҳи олии Узбекистон гуфта, ки Юлдошев дар задухӯрдҳои Украина фаъолона иштирок кардааст, вале дақиқ гуфта намешавад, ки ӯ дар кадом минтақаи Украина ҷангидааст.

Шаҳрванди Узбекистон гӯиё дар давоми шаш моҳи иштироки худ дар ҷанги Украина $10800 ба даст оварда, бо медали "Барои шуҷоат" қадрдонӣ ҳам гаштааст. Ҳамчунин ӯро аз адои муҳлати боқимондаи ҷазо озод кардаанд.

Шавкат Юлдошев соли гузашта баъди баргашт ба ватан бо ҷурми зархаридӣ боздошт шудааст.

Қонунгузории Узбекистон барои иштироки шаҳрвандони ин кишвар дар ҷангҳои хориҷӣ аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале гуфта нашудааст, ба Юлдошев бо кадом далел ҷазои сабуктар додаанд.

XS
SM
MD
LG