Ссылки доступа

Дар Узбекистон пешниҳод доранд, ҳукми қатл баргардонида шавад


Алишер Қодиров
Алишер Қодиров

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров хостааст, ҳукми қатл дар кишвараш бояд дубора ҷорӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Қодиров, шахсе, ки ба ваҳшигарӣ даст мезанад, набояд зинда бимонад. "Вақте бо пули андози мо ҷинояткореро, ки ба ҳайвон табдил ёфтааст, нигаҳдорӣ ва сиҳатияшро ҳифз мекунанд, ғайримантиқӣ аст. Ҷомеаро бояд аз ингуна афрод пок кард", - изҳор доштааст ӯ.

Ин пешниҳод дар пасманзари хабарҳо дар бораи он ки як сокини Тошканд писари 3-солаи ҳамзисти худро ба қатл расондааст, садо медиҳад.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд, ки як марди 31-сола аз шаҳри Тошканд писари 3-солаи ҳамзисташро бо 12 зарби корд ба қатл расондааст. Кудак дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Бино ба хабарҳо, ҳам мард ва ҳам модари кудак муътод ба маводи мухаддир будаанд.

Додситонии кулли Узбекистон хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG