Ин размоиш таҳти унвони “Иттиҳод-2024” ва бидуни иштироки Русия баргузор мешавад.
Вазорати дифои Қазоқистон хабар додааст, ки неруҳои ин кишвар, Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба сатҳи баландтарини омодагии ҷангӣ дароварда шудаанд.
Тамринҳои низомӣ дар размоишгоҳҳои Оймаш ва Тоқмаки Қазоқистон баргузор мегарданд.
Дар ҷараёни онҳо “Иҷрои супоришҳои ҳарбӣ дар самти таъйини минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона” тамрин мешавад.