Ссылки доступа

Ҷасади духтарчаи бедаракшудаи қирғиз дар Узбекистон пайдо шудааст


Ҷасади духтарчаи 6-солаеро, ки дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Ӯши Қирғизистон ҳамроҳи ду хоҳар ва модараш бедарак шуда буд, дар Узбекистон пайдо карданд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон иттилоъ дод, ки ҷасади ноболиғ дар рудхонае дар ҳудуди шаҳри Андиҷони ин кишвар пайдо шудааст. Ҷасадро ба мақомоти қирғиз супурдаанд.

Ахиран хабар дода шуд, ки ҷасади модари духтарча низ дар наздикии марзи Узбекистон пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон ҷасади ду духтари дигари занро ҷустуҷӯ доранд.

Рӯзи 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор кас, як модар ва се духтараш бедарак шуда буданд. "Сел ба 15 мошин осеб расонда, ҷамъан 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG