Кумитаи нави танзим, ҳифз ва истифодаи захираҳои об, ки тобеи Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон аст, алайҳи истифодаи ғайриқонунии об дар он кишвар мубориза мебарад.
"Вазорат мубориза бар зидди истифодаи ғайриқонунии обро зери назорати махсус гирифтааст. Ҳадаф аз таъсиси кумитаи нав пешгирии ҷинояткориҳо ва ҳифзи захираҳои оби кишвар аст. Ин тасмим дар якҷоягӣ бо тағйироти пешниҳодии мо ба қонунгузорӣ бояд муборизаро бо “бозори сиёҳ”-и об ба таври қобили мулоҳиза пурзӯр кунад”, - изҳор доштааст вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нурҷон Нуржигитов.
Қазоқистон кишвари камоб ба шумор меравад. Қисми зиёди захираҳои обии он аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, то охири соли гузашта дар шаҳрҳо 98,9 дарсад ва дар деҳот 96,6 дарсади сокинон бо об таъминанд. Танҳо дар 9 минтақаи ин кишвар сокинон 100 дарсад бо об таъмин карда шудаанд.