Ҳаминтариқ теъдоди масирҳои дорои вагонҳое, ки дар онҳо танҳо занон ва кудакон метавонанд сафар кунанд, ба 11 расидааст.
Ширкат мегӯяд, муштариёни билети "вагонҳои занона" меафзояд.
"Билети вагонҳои занона танҳо ба бонувон фурӯхта мешавад. Писарони то 7-сола метавонанд ҳамроҳи модарашон дар ин вагонҳо сафар кунанд. Дар вагонҳои мазкур роҳбаладон низ занонанд", - омадааст дар иттилоияи ширкат.
Ҳаракати вагонҳои занона дар Қазоқистон бори нахуст соли 2021 роҳандозӣ шуда буд. Ширкат мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом он аст, ки мусофирони зан роҳат сафар кунанд.