Ӯ дар суҳбат бо "Ала-Тоо 24" гуфтааст, барои беҳсозии симои Бишкек ҳамаи хатҳои барқ бояд аз зери замин кашида шаванд. Ҷунушалиев дар робита ба хоҳиши сокинони шаҳр, ки мегӯянд, троллейбусҳо бо вуҷуди коҳиши мусофиронашон бояд нигаҳ дошта шаванд, изҳори тааҷҷуб кардааст.
Ба гуфтаи вай, солҳои ахир мусофирони троллейбусҳо дар Бишкек коҳиш ёфтааст.
Шаҳрдори Бишкек афзуда, ки ба хотири коҳиши танбашавии роҳҳо дар пойтахти Қирғизистон маҷбур ҳастанд, ки бештари масирҳоро тағйир диҳанд ва тағйири масири троллейбусҳо имкон надорад.
Ойбек Ҷунушалиев ахиран дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" гуфт, ҳамаи троллейбусҳо аз пойтахти Қирғизистон бароварда мешаванд.
Дар пойтахти Қирғизистон ба ҷойи троллейбусҳо, 120 электробус ба интиқоли мусофирон машғул мешаванд.