Ссылки доступа

Қазоқистон бо даъвогарони молдавӣ созиш кардааст


Вазорати адлияи Қазоқистон
Вазорати адлияи Қазоқистон

Ҳукумати Қазоқистон бо сармоягузорони молдавӣ Анатол Статӣ ва писараш Габриэ, ки чандин сол мешавад, баҳси додгоҳӣ доранд, ба созиш расидааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати адлияи Қазоқистон рӯзи 16 июл бо нашри як изҳорот гуфт, ҷонибҳо дар робита ба “ҳалли мусолиматомез ва қобили қабули баҳси тӯлонӣ бар сари дороиҳои нафту газ дар Қазоқистон" ба созиш расиданд.

Ҷузъиёти ин созиш ошкор карда намешавад. "Шартҳои созишнома махфӣ мемонад", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Баҳси додгоҳии Статӣ бо ҳукумати Қазоқистон чандин сол аст, идома дорад. Анатол Статӣ ва писараш Габриэ, ки ба бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ карда буданд, Остонаро ба кӯшиши ғасби рейдерии амволи худ айбдор ва беш аз чаҳор миллиард доллар ҷуброн талаб карданд.

Пештар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ баҳсро ба нафъи соҳибкорони молдовӣ ҳал карда, аз Қазоқистон хост, ба онҳо беш аз 500 миллион доллар диҳад. Вале Нурсултон барои лағви ҳукм талош дорад.

XS
SM
MD
LG