Раёсати тафтишотии пойтахти Русия иттилоъ дода, ки шаҳрвандони Қирғизистон бо банди "Таҷовузи гуруҳӣ" дастгир карда шудаанд.
Бино ба хабарҳо, шаҳрвандони Қирғизистон гӯиё шаби 9 июл дар ҳолати мастӣ ба номуси ду духтар, ки барояшон ношинос будаанд, дастдарозӣ кардаанд. Яке аз гумонбарон амалҳояшонро бо телефон ба навор гирифтааст.
Қирғизистониҳо ҳамчунин ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия низ муттаҳам мешаванд.
Додситонии кулли Қирғизистон моҳи январи соли 2024 хабар дода буд, ки дар зиндонҳои Русия 1167 шаҳрванди кишвараш адои ҷазо мекунанд.