Ссылки доступа

Дар натиҷаи як таркиш дар Қирғизистон зане ҷон бохтааст


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар робита ба таркиши балони кислород дар як нуқтаи савдо, ки як кушта бар ҷой гузошт, се касро дастгир кардааст.

Хадамоти матбуотии кумита хабар додааст, ки раҳбарият Департаменти бозори истеъмолӣ ва хидматрасонии шаҳрдории Ҷалолобод бидуни санадҳои лозимӣ барои ташкили нуқтаи савдо ғайриқонунӣ замин ҷудо кардаанд.

Дар яке аз ин нуқтаҳои савдо, ки барои фурӯши "оби газдор" ташкил шуда буд, 13 июл балони кислород таркидааст ва дар натиҷа як зан ҷон бохта, чандин муштарӣ захмӣ шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса сардору нозири Департаменти бозори истеъмолӣ-хидматрасонии Ҷалолобод ва молики нуқтаи савдо дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG