Ссылки доступа

Дар Қирғизистон талаб доранд, назорати ширкатҳои корёб сахттар шавад


Бархе аз муштариёни ширкати "Еврохантер" дар Қирғизистон, ки бо фиристодани шаҳрвандон барои кор ба хориҷ машғул аст, талаб доранд, то пули онҳоро баргардонанд.

Ин масъала дар порлумони Қирғизистон ҳам баррасӣ шуда, Вазорати меҳнати ин кишвар бо вуҷуди ваъдаи масъулони ширкат дар бораи баргардонидани пули муштариён иҷозатномаи фаъолияти онро бозхонд кардааст.

Маркази корёбӣ дар Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кардааст, ки то ҳалли мушкили мазкур бо ширкат қарордоди нав набанданд.

Ҷамъан 3900 қирғизистонӣ бо "Еврохантер" қарордод имзо кардаанд, вале танҳо 100 нафари онҳо барои кор ба хориҷ аз кишвар фиристода шудааст.

Қаблан як гуруҳ аз муштариёни "Еврохантер" бо нашри муроҷиатномае аз мақомоти қудратии Қирғизистон, аз ҷумла раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев даъват карда буданд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон беш аз 160 ширкат бо корёбӣ ва фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG