Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Андиҷони Узбекистон хабар дода, ки кумакҳоро ҳайати ин кишвар ба раҳбарии раиси вилоят Шуҳрат Абдураҳмонов ба сокинони Қирғизистон расондаанд.
Ба сокинони зарардидаи Ӯш либос, ғизо, масолеҳи сохтмонӣ ва лавозимоти дигар кумак карда шудааст.
Рӯзи 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор кас, як модар ва се духтараш ҷон бохтанд.
"Сел ба 15 мошин осеб расонда, ҷамъан 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом ва бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.