Ссылки доступа

Муҷозоти як узбекистонӣ барои қасди ҷангидан алайҳи Украина


Додгоҳи ноҳияи Амударёи Қарақалпоқистон озодии як сокини маҳаллиро, ки мехост, ба ҷонибдорӣ аз Русия зидди Украина биҷангад, 2 сол маҳдуд кардааст.

Хабаргузории Gazeta.uz бо истинод ба қарори додгоҳ иттилоъ дода, ки маҳкумшуда баъди омодагии ҷангӣ аз қисми низомии Русия фирор карда, ба ватан баргаштааст.

Ҳукми додгоҳ нисбат ба шаҳрванди 23-солаи Узбекистон 24 июн содир шуда, вале ҳоло расонаӣ гаштааст.

Бино ба фарзияи муфаттишон, муҳоҷири узбек моҳи феврали имсол бо Вазорати дифои Русия қарордод имзо карда, розӣ шудааст, ки бар ивази пул зидди Украина биҷангад. Ба вай ваъда додаанд, ки бори нахуст 195 ҳазор рубл ва сипас моҳона 240-ҳазоррублӣ дарёфт хоҳад кард.

Маҳкумшуда гуфтааст, бо 24 шаҳрванди Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон дар урдугоҳи низомии "Авангард" дар вилояти Маскав омодагии ҷангӣ дидааст. Вале дертар аз тасмими худ даст кашида, бо тавсияи дипломатҳои узбек ба ватан фирор кардааст.

Додгоҳи шаҳри Оҳангарони Узбекистон ҳам моҳи майи имсол Шавкат Юлдошевро барои ҷангидан дар саффи гуруҳи "Вагнер" ба муҳлати ду сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG