Ссылки доступа

Ҷасади қирғизистонии бедаракшударо дар Узбекистон пайдо карданд


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон шоми 16 июл гуфт, ҷасади шаҳрванди панҷуми ин кишвар, ки дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Ӯш бедарак шуда буданд, дар Узбекистон пайдо шудааст.

Ҷасади зани 39-соларо дар яке аз рӯдхонаҳои шаҳри Андиҷони Узбекистон пайдо кардаанд. Ин зан 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар бозори марказии Ӯш бедарак шуда буд.

Рӯзи 14 июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон сел омада, як модар бо се духтараш низ бедарак шуда буд.

Ҷасади духтари 19-сола, хоҳарони 6 ва 10-солаи ӯро аз рӯдхонаи Шаҳрихони шаҳри Андиҷони Узбекистон пайдо карданд. Ҷасади модари онҳо дар рӯдхонаи "Ак-Буура"-и вилояти Ӯш, дар наздикии марзи Узбекистон пайдо шуд.

"Сел ба 15 мошин осеб расонда, ҷамъан 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG